Дар Душанбе «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» муаррифӣ гардид

Июнь 3, 2024 16:49

ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз шумораи умумии соҳибкорон 23 фоизро занон ташкил дода, дар давоми 5 соли охир маблағи қарзҳое, ки аз ҷониби бонкҳои мамлакат ба онҳо пешниҳод гардидаанд, ба 15,8 миллиард сомонӣ мерасад. Чунин гуфта шуд, дар муаррифии «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027», ки имрӯз дар Душанбе бо иштироки занони соҳибкор, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сухан гуфтанд.

Таъкид карда шуд, ки «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» ҳуҷҷати стратегӣ маҳсуб меёбад. Барнома дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия гардида, дар раванди таҳияи он вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила ва дигар мақомот иштирок намудаанд.

Иброз гардид, ки инчунин дар раванди таҳияи он фикру мулоҳизаи занони соҳибкори минтақаҳои гуногуни мамлакат ба инобат гирифта шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки ҳадафи Барнома мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон, беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ барои занон, ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкории занон ва ба ин валсила зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои рушди соҳикбории занон ва баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.

Рушди соҳибкорӣ дар байни занон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин аст, ки бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президентӣ таъсис дода шудаанд, ки ин тадбир ҳамчун таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон арзёбӣ мегардад. Аз соли 2011 то соли 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо карда мешуд. Бо қарори Ҳукумати мамлакат аз соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 миллион сомонӣ ба 2 миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Соли 2022 дар асоси қарори марбутаи Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағҳои грантӣ аз 2 миллион сомонӣ ба 2,5 миллион сомонӣ барои занони соҳибкор зиёд гардид.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 апрели соли 2024 маблағи грантҳо ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд ва соли равон лоиҳаҳои 120 зани соҳибкор дастгирӣ хоҳанд ёфт.


Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳаи ҳунармандӣ моҳи феврали соли 2024 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси грантҳои Президентӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024 -2028» қабул гардид. Тибқи қарори мазкур, аз соли 2024 то соли 2026-ум 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъсис дода шуд. Фаъолияти занони соҳибкор бозгӯи он аст, ки бо истифода аз маблағҳои грантӣ занони соҳибкор тавонистанд, дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҳунару касбомузӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд.

Таъкид гардид, ки натиҷаи амалигардонии тарҳҳо бозгӯи он аст, ки занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ , дӯзандагӣ, парвариши чорво, парранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ дорои малакаи баланди корофаринӣ мебошанд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Маркази таълимии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» Сафарбӣ Файзова гуфт, дар мамлакат ҳудуди 80 ҳазор занон ба соҳибкорӣ асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои дастӣ фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат назаррас мебошад.

Дар чорабинӣ ҳамзамон занони соҳибкор, намояндагони вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалию молиявӣ доир ба роҳҳои татбиқи Барнома ва дигар масъалаҳои муҳим, ки ба рушди соҳибкорӣ дар байни занон, аз ҷумла нақши бонкҳо дар рушди соҳибкории занон, татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зан дар тиҷорат ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқии занон дар соҳибкорӣ нигаронида шудаанд, ибрози назар намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 3, 2024 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аввалин гузоришро оид ба барӯйхатгирии газҳои гулхонаӣ барои солҳои 1990-2022 ба Конвенсияи қолабии СММ пешниҳод намуд
Сафири Боливарии Венесуэла: «Тоҷикистон бо табиати зебо ва мероси фарҳангию таърихӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон қарор мегирад»
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 2,3 миллион мусофир хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 100 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувайт таъсис дода мешавад
Таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пурра ба таври ғайринақдӣ хизмат мерасонад
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорию сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Теҳрон зиёд менамояд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Соли 2024 95 фоизи маблағҳои суғуртавӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардид
Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб густариши сармоягузории навро баррасӣ намуд