Дар Тоҷикистон 11 стратегияву, консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд

Июнь 26, 2024 14:20

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон 11 стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд, ки ба рушд ва ислоҳоти соҳа равона гардидаанд. Дар ин хусус 25 июн зимни баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024, ки дар Вазорати маориф ва илми мамлакат баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Муовини сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз намуд, ки тайёр намудани мутахассисони варзида, баланд бардоштани сифати таҳсилот, амалӣ намудани стратегияву консепсияҳо дар ин самт барои вусъат бахшидани маорифи миллӣ омили таъсиррасон мебошад.

Сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода дар мавзуи  «Сифати таҳсилот, мушкилот ва роҳҳои баланд бардоштани он дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ» маъруза намуда, аз ҷумла гуфт, ки «баланд шудани сифати таҳсилот дар ин зина барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат хеле муҳим аст».

Дар ҷараёни ҷаласа гуфта шуд, ки Шурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 доир баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, иҷрои саривақтии стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатиро фаро гирифта, барои рушди маорифи миллӣ як омили таъсиргузор ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд