Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллиро барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат номиданд.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки ба ин рӯзи муборак бо саъю талоши зиёд ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ муяссар гардидем.
«Ба шарофати роҳандозӣ гардидани раванди ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот Ҳукумати мамлакат бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ба бартараф намудани душвориву мушкилоти зиёди ҷомеа ва давлат, дар навбати аввал, барқарорсозии баъдиҷангӣ оғоз намуд», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Пешвои миллат тазаккур доданд, ки бо гузашти вақт захмҳои ҷанг тадриҷан шифо ёфтанд, харобаҳои ҷанг обод гардиданд, аммо мардуми тоҷик ҳанӯз сабақҳои талх ва даҳшату фоҷиаи ҷангро, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор куштаву миллионҳо нафари дигар овораву бехонумон шуданд, фаромӯш накардаанд ва бовар дорам, ки ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
«Ҳодисаҳои нангини он даврон, ки аз ҷониби як гурӯҳ худбохтагону имонфурӯхтагон, яъне душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо созмон дода шуда буданд, боиси фалаҷ шудани тамоми шохаҳои ҳокимият гардида, хатари пароканда гардидани миллати тоҷик ва аз миён рафтани давлати тоҷикон ба воқеияти талху даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфта буд», — хотирнишон намуданд Сарвари давлат.
АКС аз бойгонӣ








ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ






