РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд

Июнь 13, 2024 19:09

ДУШАНБЕ, 13.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар Душанбе баргузор гардид, имрӯз бо яке аз иншооти муҳими стратегии Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Меҳмонон ва иштирокдоронро дар даромадгоҳи шаҳри Норак сокинон бо нону намак, рақсу тарона ва бо меҳмоннавозии хоссаи тоҷикона пешвоз гирифтанд.

Онҳо бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуда, обанбори Норак, агрегатҳо ва осорхонаи ин иншооти бузурги гидроэнергетикиро тамошо намуданд. Ба меҳмонон доир ба таърих ва фаъолияти неругоҳ маълумот дода шуд.

Гуфта шуд, ки агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» 50 сол муқаддам —  соли 1972  ба истифода дода шуда, моҳи декабри соли 1979 агрегати охирини неругоҳ барои истеҳсоли неруи барқ мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи сохтмони неругоҳ обанбори Норак ба вуҷуд омад, ки масоҳаташ 98 км мураббаъ, ҳаҷмаш 10,5 миллиард метри мукааб буда, 4,5 миллиарди мукааб оби обанбор ҳамчун оби тоза истифода бурда мешавад. Дарозии обанбор  70 км, бараш то 1 км, жарфияташ ба ҳисоби миёна 107 метрро ташкил медиҳад. Аз тарафи чап нақби обқабулкунак ва аз самти  рост нақби обпарто мавҷуд аст.

Таъкид гардид, ки дар бунёди ин  иншооти бузурги стратегию энергетикӣ  намояндагони 50 халқу миллатҳои гуногуни  ҷаҳон саҳм гузоштаанд. Неругоҳи Норак бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза барои пешрафти саноати мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Меҳмонон маконҳои таърихӣ, иншооти истеҳсолиро тамошо карда,  аз пазироии самимии мардуми сарбаланди Тоҷикистон, боду ҳавои форам, ҳусни нотакрори табиати ин сарзамин, обҳои мусаффои ҷонбахш таассуроти нек бардошта,  Тоҷикистонро макони афсонавӣ номида,   ба мардуми меҳмоннавозии он баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки ҳайат бо обанбори Норак шинос шуда, изҳор намуданд, ки воқеан ҳам Тоҷикистон — биҳишти рӯйи Замин аст. Манзараҳои дилфиреби мавзеъ ба меҳмонон руҳияи болида бахшид.

«Дар бораи Тоҷикистон бисёр шунида будам, вале он чизе, ки дар ин ҷо дидам, маро воқеан ҳам ба ваҷд овард. Табиати зебо, обанбор, боду ҳавои тозаи ин ҷо як биҳиштро мемонад. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба ман хеле писанд омад, зеро маззаи лазиз доранд. Агар имкон пайдо кунам, ҳар вақт ба тамошои манзараҳои Тоҷикистон ташриф меорам»,- чунин баён намуд таассуроташро намояндаи давлати Кувайт Фаҳад Ал-Зафери дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар

Душанбе-Норак-Душанбе

АКС: АМИТ «Ховар

Июнь 13, 2024 19:09

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд