Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 11, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории ду ҷониб баррасӣ гардид.

“Мо дастгирии Ватиканро аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим хеле қадр мекунем ва иштироки шуморо дар чорабинии имрӯзаи муҳими байналмиллалӣ мисоли дигари ин дастгирӣ медонем” изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Натиҷаҳои гуфтушуниди сатҳи олии Тоҷикистон ва Ватикан, ки 26 апрели соли 2024 баргузор шуда буд, қадами муҳим дар роҳи вусъат додани ҳамкории минбаъдаи ҳар ду тараф арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ аз қабили тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, мавзуъоти норасоии оби ошомиданӣ ва коҳиш додани зарари он ба иқтисоди кишварҳо табодули андеша карданд.

Таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои гуманитарию фарҳангӣ, илм, сайёҳӣ зарур шумурда шуда, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки талошҳои муштараки ҷонибҳо ба раванди рушду тавсеаи равобити мусоиди Тоҷикистону Ватикан такони нав хоҳад бахшид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Июнь 11, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии оби Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули қатъномаи Иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Бангкок
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ҳалли ин масъала нақши муҳим дорад
Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд