«Ваҳдати миллӣ — таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободӣ», — бардошт аз ҳамоиш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Июнь 25, 2024 15:02

ДУШАНБЕ, 25.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки: «Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азоб, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва басҳои дуру дароз расида, оқибат осоишу амнияти мамлакатро таъмин намудем». Дар ҳақиқат,  сулҳу субот дар ҷумҳурии мо  ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, барои нигоҳ доштани сулҳу амнияти мамлакат бояд мо, ҳар як фарди солимфикри мамлакат  дар иттиҳоду ҳамбастагӣ   ваҳдати миллиро таҳким бахшему баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодиамон талош намоем.  Ин матлаб 24 июн зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-таҳкимбахши давлати миллӣ», ки  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор шуд, баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки «дар ҳақиқат ҳам, ваҳдати миллӣ барои мо,  тоҷикон дар шароити ҷаҳони муосир, ки давлатҳои миллии тозаистиқлол бо сабаби таъсири омилҳои зиёди берунию дохилӣ хеле осебпазиранд, роҳи ягонаи таъмини истиқлолияти комили давлатӣ, устувору бебозгаштсозии он дар тамоми соҳаҳо ва василаи муҳимтарини дастёбӣ ба ҳадафҳои дигари миллӣ мебошад. Танҳо ваҳдати миллӣ имрӯз метавонад, ки умеду орзуи моро барои ояндаи шукуфони давлату миллат тақвият бахшад».

«Маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ  сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки  мояи ифтихор аст»,-афзуд  Ректори Донишгоҳ.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли 2015 дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид намуданд: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».

Дар анҷом аз ҷониби устодон доир ба таҳкими ваҳдати миллӣ маърузаҳо пешниҳод гардид.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Июнь 25, 2024 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд