Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии вилояти Суғд бо корхонаҳои саноатии Русия тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 29.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, дар вилоят бо сармояи муштарак якчанд корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар ин хусус зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати «БТК Групп»-и Федератсияи Русия гуфта шуд.
Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, талабот ба маҳсулоти онҳо дар Русия зиёд мешавад, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар заминаи корхонаи «Зиннат» корхонаи дӯзандагӣ ташкил карда шавад.
Ба маблағи 265 миллион рубли русӣ таҷҳизоти зарурӣ ва мошинаҳои дарздӯзӣ ворид карда шуданд. Корхонаи нав метавонад дар марҳилаи аввал 350 дӯзандаро ба кор қабул намояд.
Бояд гуфт, ки ширкати «БТК Групп»-и Федератсияи Русия дар ноҳияи Спитамен ба кишту парвариши пахта, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва либосҳои махсус машғул буда, тибқи фармоиш маҳсулотро ба Русия содирот менамояд.
Таъкид гардид, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ду давлат ҳамкории мутақобилан судманд доранд.
Зимин мулоқот баён гардид, ки ҳамкории ду давлат дар бахшҳои саноату кишоварзӣ бояд тақвият дода шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






