БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 14 варзишгари тоҷик (11 нафар тариқи роҳхати олимпӣ ва 3 нафар аз рӯйи ҷойҳои универсалӣ), аз рӯйи 6 намуди варзиш – ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук иштирок мекунад. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.
Эмомалии Нуралӣ дар вазни 66кг
Яке аз иштирокчиёни Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 паҳлавони тоҷик Эмомалии Нуралӣ аст, ки дар вазни то 66кг Тоҷикистон дар ин мусобиқа муаррифӣ менамояд. Ин варзишгари ҷавон чемпиони ҷаҳон байни ҷавонон — Эквадор — 2022, қаҳрамони Гранд Слами Тошканд дар солҳои 2023, 2024, барандаи нишони нуқраи Гранд Слами Анталия -2024 ва қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2022 мебошад.
Охирин мусобиқае, ки Эмомалии Нуралӣ дар остонаи Бозиҳои Олимпии Париж-2024 иштирок намуда буд, ин Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар АМА буд. Онҷо ӯ дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз Саҳа Лукаси финландӣ мағлуб шуда, мақоми панҷумро соҳиб гардид.
Инчунин охирин медале, ки Эмомалӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дошт, ин моҳи марти имсол дар мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 дар Туркия буд. Бояд гуфт, ки Эмомалӣ дар мусобиқаи мазкур бо неруи рустамона ва як боварии ба худ хос мубориза бурда, то ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби нишони нуқра шуд. Номбурда дар рақобати ниҳоӣ аз қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абе дар 49 сония бо имтиёзи иппон мағлуб шуд.
Ҳифуми Абеи ҷопонӣ ҳоло дар Бозиҳои Олимпии Париж-2024 рақиби асосии ҷудокори мо Эмомалии Нуралӣ маҳсуб мешавад. Эмомалии Нуралӣ ду рақобате, ки бо Ҳифуми Абе дошт, дар ҳарду ноком шудааст. Соли 2022 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Тошканд Эмомалии Нуралӣ дар як рақобати мушкил ва тӯлонӣ аз Ҳифуми Абе мағлуб шуда буд.
Ҳоло Эмомалии Нуралӣ зери роҳнамоии мураббӣ Фаррух Собиров ба таври шоиста, ба Бозиҳоии Олимпии Париж-2024 омода шудааст ва яке аз аз варзишгарони умедбахши Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз маҳсуб мешавад.
Мо ҳам ба Эмомалии Нуралӣ дар аввалин иштирокаш дар Олимпиада комёбӣ таманно мекунем!
Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг дар риштаи гӯштини ҷудо
Паҳлавони дигаре, ки Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Париж -2024 муаррифӣ менамояд, ин Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73кг дар риштаи гӯштини ҷудо мебошад.
Беҳрӯз Хоҷазода охирин дастовардро дар мусобиқаҳои «Сайри ҷаҳонии ҷудо» дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam -2024 ба даст оварда буд. Дар финали мусобиқаи мазкур Беҳрӯз аз Нилс Стампи швейтсарӣ ноком шуда, барандаи нишони нуқра гардида буд.
Дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳони АМА дар остонаи Бозиҳои олимпӣ Беҳрӯз дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз Эрденебаяр Батзаяи муғул ноком шуд.
Ҳамчунин Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 соҳиби нишони биринҷӣ гардидааст. Дар мусобиқаи «Ситораҳои ҷудои ҷаҳон» дуюмин ҷудокори тоҷик гардид, ки соҳиби нишони нуқра шудааст.
Номбурда дар риштаи самбо низ исмашро дар таърихи варзиши тоҷик сабт намуд. Ӯ пас аз 42 сол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон нишони тилло ба даст овард ва такрори қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмуъмин Раҳимовро кард.
Беҳрӯз Хоҷазода инчунин дар ин риштаи варзиш соҳиби нишонҳои тиллои Бозиҳои Осиёӣ ва Чемпионати Осиё мебошад. Ба Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 барору комёбӣ таманно мекунем!
Комроншоҳи Устопириён дар риштаи гӯштини ҷудо дар вазни то 90 кило
Комроншоҳи Устопириён аз зумраи варзишгарони муваффақи тоҷик аст, ки бори сеюм мешавад дар олимпиада ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар риштаи гӯштини ҷудо дар вазни то 90 кило Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 муаррифӣ менамояд. Комроншоҳ соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва соли 2021 дар Бозиҳои олимпии Токио -2020 ҳунарнамоӣ карда буд.
Комроншоҳи Устопириён аз зумраи серҷоизатарин варзишгарони тоҷик буда, ду карат қаҳрамони Осиё, барандаи медали нуқраи «Judo Grand Slam Abu Dhabi-2021», 4 карат қаҳрамони «IJF Grand Prix», дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои Осиёӣ Ҷакарта-2018 мебошад.
Охирин мусобиқае, ки Комроншоҳи Устопириён дар остонаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 иштирок карда буд, ин Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар АМА буд. Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи мазкур дар даври дуюм бо имтиёзи вазарӣ аз Ҳан Ҷуйеопи кореягӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуда буд. Пеш аз ин мусобиқа, Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ҳафтум шуда буд. Ҳамчунин Комроншоҳи Устопириён дар рақобати тасаллобахш аз ҷудокори қирғиз Эрлан Шеров мағлуб шуд ва байни 20 ҷудокори ин вазн мақоми ҳафтумро соҳиб шуд.
Қобили тазаккур аст, ки Комроншоҳи Устопириён ягона ҷудокори тоҷик аст, ки дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё ба гирифтани ду нишони тилло даст ёфтааст. Охирин мусобиқае, ки Комроншоҳи Устопириён ба гирифтани медал ноил шуда буд, ин мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023 аст. Дар ин мусобиқа ҷудокори 31 — солаи мо ба гирифтани нишони тилло даст ёфта буд. Ҳоло Комроншоҳи Устопириён ба таври ҷиддӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 омода шудааст ва азм дорад, ки ба таври шоиста ҳунару маҳорати худро зидди рақибон нишон диҳад ва муваффақ гардад. Рақибони асосии Комроншоҳ дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 инҳо мебошад, Лаша Бекаурии гурҷӣ, Неманя Маҷдови сербӣ, Санширо Мураи ҷопонӣ, Давлат Бобонови узбек, Эрлан Шерови қирғиз ва Рафаэл Маседои бразилӣ мебошанд.
Мо ба Комроншоҳ барору комёбӣ ва зинаҳои фахрии 33-юмин Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро таманно мекунем!
Ҷаҳонгир Маҷидов аз риштаи гӯштини ҷудо дар вазни то 100 кг
Номбурда намояндаи дигари Тоҷикистон аз риштаи гӯштини ҷудо дар вазни то 100 кг дар олимпиадаи Париж -2024 аст.
Ҷаҳонгир Маҷидов тариқи квота роҳхати Бозиҳои олимпии Париж -2024 -ро ба даст овард. Мавсуф, ки дар феҳристи инфиродии олимпӣ дар байни варзишгарони вазнашон то 100 кило бо 1850 имтиёз дар ҷойи 32-юм қарор дорад, соҳиби квотаи қитъавӣ (Continental quota) гардид. Дар ин феҳрист квотаи қитъавии Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ки дар вазни то 60 кило бо 2034 имтиёз дар ҷойи 31-ум аст, бо сабаби ба меъёрҳо мувофиқат накардан бекор шуд.
Ҷаҳонгир Маҷидови 24-сола давоми чанд моҳи охир барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Гранд — Слами Душанбе шуда, мақоми ҳафтуми рақобатҳои Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷаҳонгир Маҷидов бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад ва мо ба ӯ комёбӣ орзумандем!
Темур Раҳимов дар риштаи ҷудо дар вази +100кг
Паҳлавони соҳибноми тоҷик Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Париж парчами дастаи мунтахаби Тоҷикистонро хоҳад бардошт. Темур Раҳимов 3 сол пеш, дар маросими ифтитоҳ дар олимпиадаи Токио низ парчамбардори тими олимпии Тоҷикистон буд. Темур Раҳимов ҳамчун ҷудокори рақами яки ҷаҳон байни сангинвазнҳо роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро соҳиб шуд.
Ӯ дар мусобиқаҳои «Сайри ҷаҳонии ҷудо» новобаста аз осебе, ки дошт имтиёзҳои лозимаро соҳиб шуда, роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овард ва яке аз умедҳои Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.
Охирин мусобиқае, ки Темур Раҳимов пеш аз Бозиҳои олимпӣ иштирок кард — Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Абу-Дабии АМА буд, ки мақоми 7-умро касб кард. Паҳлавони сангинвазни мо Темур Раҳимов аз Алишер Юсупови узбек дар даври нимниҳоӣ мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт.
Хотиррасон мешавем,ки Алишер Юсупов бори аввал муқобили Темур Раҳимов ғалаба ба даст овард. Темур Раҳимов дар рақобати тасаллобахш аз ҷудокори бетараф ва рақиби азалии хеш Темерлан Башаев бо имтиёзи иппон шикаст хӯрда, мақоми 7-умро ишғол кард.
Бояд гуфт, ки дар 32-юмин Бозиҳои олимпии Токио -2020 дар вазни +100кг Темур Раҳимов дар даври аввал намояндаи Куба — Энди Грандаро мағлуб карда, дар даври дуюм аз рақиби пурқувати худ қаҳрамони ҷаҳони соли 2018 намояндаи Гурҷистон — Гурам Тушишвили мағлуб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳимов аз зумраи ҷудокорои серҷоизатарини Тоҷикистон буда, дорандаи нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон соли 2017, барандаи 2 нишони нуқра ва як нишони биринҷии Чемпионати Осиё, қаҳрамони «Judo Grand Slam Baku-2022», дорандаи 2 медали нуқраи мусобиқати ҷудо байни устодон ва барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Ҳонгконг – 2024 мебошад.
Ба Темур Раҳимов дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 комёбӣ таманно мекунем!
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз