Дар ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар Ҳисор 44 нафар ғолиб шуданд

Июль 5, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардида, 44 нафар ғолиб дониста шуда, ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Бо анҷом ёфтани даври шаҳрии озмун дар Ҳисор бо иштироки ғолибон, устодону ҳаводорони довталабони озмун ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин маросим роҳбарияти шаҳри Ҳисор ғолибони даври шаҳриро табрик намуда, барои иштирок дар даври минтақавӣ комёбӣ таманно намуд.

Гуфта шуд, ки дар даври ибтидоии интихобӣ 965 нафар иштирок карда, 157 нафар ҳуқуқи иштирок ба даври шаҳриро пайдо намуданд. Аз ин шумора, 44 нафар ғолиб дониста шуданд ва ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон бо Диплому ҷоиза ва маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҳамасола таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, аз ҳадафҳои озмун мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 5, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд