Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли макарони навъи олӣ ба истифода дода мешавад

Июль 29, 2024 13:34

СУҒД, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли макарони навъи олӣ бунёд мешавад, ки дар як рӯз то 2 тонна ва дар як моҳ то 60 тонна макарон истеҳсол менамояд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Таҷҳизоти корхона аз Италия харидорӣ шуда, дар як навбат банду басти макарон ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар бастаи он аз 200 то 600 граммро ташкил медиҳад.

Тавре дар нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода иттилоъ дод, корхонаҳои саноатии ноҳия дар шашмоҳаи  якуми соли 2024  ба маблағи  153 миллиону 938 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 978 ҳазору 400 сомонӣ зиёд буда, 100,6 фоизро ташкил медиҳад.

Корхонаҳои саноатӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар шакли асл 633,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 98 тонна орд, 234,1 тонна маҳсулоти ширӣ,  47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9  тонна ресмони пахтагин, 37 550 тонна семент, 3535,3 м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ,  2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ  истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли гузашта рост меояд.

Дар шашмоҳаи аввали имсол корхонаҳои саноатии ноҳия дар шакли асл 633,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 98 тонна орд, 234,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9 тонна ресмони пахтагин, 37550 тонна семент, 3535,3 м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намудаанд.

Вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли 2023-ро ташкил медиҳад.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2024 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад