Донишгоҳи давлатии Бохтарро 53 нафар бо дипломи аъло хатм намуд

Июль 9, 2024 08:21

БОХТАР, 09.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2023-2024 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро   4 ҳазору 505 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм намуд, ки аз ин 53 нафар ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Имрӯз зимни маросими тақдими дипломҳои аъло ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода иброз намуд, ки дониш василаест, ки барои камолоти зиндагӣ инсонро раҳнамо ва ҳидоятгар аст. Солҳои охир мафкураи насли ҷавони мо рушд намуда истода,  имрӯзҳо дар ҷомеа ба пуррагӣ мавқеи намоёни худро пайдо намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин насли ояндасози ҷамъият умеди зиёд дорад, зеро ояндаи мамлакат ба заковату қобилияти насли ҷавони бунёдкор сахт алоқаманд аст.

Гуфта шуд, ки солҳои охир донишгоҳ сатҳу сифати донишро баланд бардошта, баҳри омодасозии мутахассисони соҳавӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодааст.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Июль 9, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид