ҶОМИ МЕРДЕКА-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқот иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар 42-юмин Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи сентябр баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин мусобиқоти сатҳи баланд ба ҷуз аз дастаи мунтахаби яккачини Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби Малайзия, Лубнон ва Филиппин иштирок мекунанд.
Тибқи низомнома, дастаҳо ду ҷуфти даври ниманиҳоиро ташкил дода, баъдан ғолибон дар финал ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд.
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи «Ҷоми Мердека» аз 2 то 10 сентябр дар Куала-Лумпур баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи феълии «Ҷоми Мердека» мебошад.
Соли гузашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқа бар дастаи мунтахби яккачини Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.
Бояд гуфт, ки рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25 марти соли 2025 шуруъ мешавад, 19 декабр маълум мегарданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






