ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Дар Турсунзода бинои иловагии панҷ муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
ТУРСУНЗОДА, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави таҳсил дар назди панҷ муассисаи таълимии шаҳри Турсунзода биноҳои иловагӣ иборат аз 62 синфхона ва дорои 1488 ҷойи нишаст дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии №54, №68 дар Ҷамоати деҳоти Регар, биноҳои иловагии мактаби №103 дар Ҷамоати деҳоти Работ ва бинои иловагии мактаби №80 дар Ҷамоати деҳои 10-солагии Истиқлолият бо дастгирии пайвастаи раиси шаҳр ва саҳми соҳибкорону аҳолӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин бинои иловагии муаассисаи таълимии №30 дар Ҷамоати деҳоти Сешанбе бо маблағгузории давлати Ҷопон бунёд гардида, синфхонаҳои он бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз мебошанд.
Директори муассисаи таълимии №68 Абдураҳмон Насриддинов иброз дошт, ки «солҳои қаблӣ нарасидани ҷойи нишаст, фарсуда гардидани бинои муассиса ва надоштани толори варзишию истгоҳи трансформаторӣ яке аз мушкилоти асосии мактаби мо ба ҳисоб мерафт».
«Хушбахтона, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода соҳибкори ватандӯст Ҷурабек Муҳибов аз ҳисоби худ бинои дуошёна барои 480 нафар хонанда дар як баст бунёд намуд. Ҳамчунин ин соҳибкор барои хонандагони мактаб толори варзишӣ месозад ва барои баланд гардидани шиддати қувваи барқ дар ин муассиса як истгоҳи трансформаторӣ насб намуд. Ҷурабек Муҳибов бо ин амали хайр ҳамаи мушкилоти мактабро бартараф сохт. Мо омӯзгорон кӯшиш менамоем, ки зери сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намоем»,-афзуд Абдураҳмон Насриддинов.
Директори муассисаи таълимии № 54-и Ҷамоати деҳоти Регар Моҳира Ҳамроева гуфт, ки «вақте бинои мактаб кӯҳнаю фарсуда гардиду ҷойи нишаст мушкилоти асосӣ гардид, хатмкардаҳои мактаб, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат кору зиндагӣ доранд, инчунин сокинони деҳот тасмим гирифтанд, ки як бинои иловагии замонавӣ сохта ба истифода диҳанд. Хушбахтона, тариқи ҳашари умумӣ бинои дуошёна сохта шуда, ба истиқболи соли нави таҳсил мактабро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем».
«Бояд гуфт, ки мушкилоти мактаб ба пуррагӣ бартараф шуд ва мо тасмим гирифтем, ки бинои куҳнаи мактабро таъмири пурра намуда, дар он ҷо маркази забономӯзӣ, китобхона ва синфхонаи дӯзандагию устохона барои хонандагон ташкил намоем»,- афзуд Моҳира Ҳамроева.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр дар заминаи 23 муассисаи таълимӣ сохтмони 264 синфхонаи иловагӣ ҷараён дорад, ки дорои 6136 ҷойи нишаст дар як баст мебошад.
Бунёди ин биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ дар таъмини ҷойи нишаст барои хонандагон мусоидат карда, мушкилоти асосии муассисаҳои таълимии шаҳр бартараф мегарданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»,
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд






