Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад

Июль 13, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо палатаи поёнии Парлумони Ҳиндустон — Лок Сабҳа яке аз аввалин гурӯҳҳое мебошад, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва таъсиси Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқот бо Раиси палатаи поёнии  Парлумони Ҳиндустон  Лок Сабҳа Ом Бирла баён  намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи иштироки ҳайати  парлумонии Тоҷикистон дар Анҷумани X парлумонии БРИКС дар  шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид.

Гуфта шуд, ки  раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистону Ҳиндустон бозгӯи он аст, ки ҷонибҳо ҳамеша ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд ҳавасманд мебошанд .

Мусоҳибон доир ба ҳамкории зичи дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнипарлумонӣ дар чаҳорчӯби Ассамблеяҳои байнипарлумонӣ ва дигар созмону иттиҳодияҳои минтақавию ҷаҳонӣ изҳори умедворӣ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав пайдо намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доир мегардад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд