6 хонандаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2024» иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври интихобии Олимпиадаи 21-уми байналмилалии «IJSO-2024» аз фанҳои табиатшиносӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар олимпиада 24 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуда, 6 хонандаи беҳтарин ба даври ниҳоии олимпиада роҳхат гирифт.
Дар даври ниҳоии Олимпиадаи 21-уми байналмилалии «IJSO-2024» аз фанҳои табиатшиносӣ, ки аз 2 то 12 декабри соли 2024 дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия баргузор мегардад, аз Тоҷикистон 6 нафар ғолибони даври интихобӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2024» аз соли 2004 то инҷониб доир гардида, дар он ҳамасола намояндагони қариб 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд.
Хонандагони тоҷик дар ин сабқати илмии сатҳи баланд аз соли 2009 инҷониб иштирок дошта, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






