Ҷаласаи корӣ оид ба баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир шуд

Август 14, 2024 08:21

ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 август таҳти роҳбарии раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири мамлакат Мансурӣ Дилрабо ҷаласаи корӣ оид ба баргузории даври сеюми озмун доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа аъзои комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд

Мансурӣ Дилрабо иштирокчиёнро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос намуд.

Таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок мекунанд ва он ба  дарёфти чеҳраҳои наву лаёқатманд мусоидат менамояд.

Иброз гардид, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, аз аъзои ҳакамон дархост карда шуд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи меъёри  ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ намоянд ва нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод кунанд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 15 то 27 августи соли 2024 баргузор мешавад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 14, 2024 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даҳ ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон аз рӯи 55 ихтисос мутахассиси соҳаи кишоварзӣ омода карда мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз 400 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ расман дар пойгоҳи байналмилалии илмии SCOPUS ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон донишҷӯён аз 32 давлати ҷаҳон таҳсил доранд
25 июл натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар ИМД эълон мегардад
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид