Дар Душанбе барои сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 12.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни ҷаласа иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин ва муқаддастарин ҷашн маҳсуб мешавад, аз ин рӯ, дар пойтахти мамлакат ба муносибати таҷлили бошукуҳи ҷашни Истиқлоли давлатӣ чандин барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ доир мешаванд.
Дар робита ба ин ба тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳа барои омодагии ҷиддӣ ва таҷлили бошукуҳи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон зимни ҷаласа масъалаи пешвози мутантан ва сазовори ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иброз гардид, ки се нафар варзишгарони хушноми тоҷик- Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100) аз ҷудо ва Давлат Болтаев (-92) аз риштаи бокс медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст оварданд.
14 август, соати 08:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тамоми ҳаводорони варзиш метавонанд дар пешвози сазовори ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ иштирок намоянд.
Илова бар ин 14 августи соли 2024, соати 19:30 дар Муассисаи давлатии «Амфитеатр»-и шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ чорабинии тантанавӣ дар назар дошта шудааст.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Элоки Файзобод барои 2400 хонанда мактаби нав сохта мешавад
Дар шаҳри Бохтар бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринология бунёд карда мешавад
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза мегирад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи офтобӣ идома дорад
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид






