Дар корхонаи дӯзандагии «Ҷамолбӣ»-и ноҳияи Муъминобод барои 1100 хонанда либоси мактабӣ дӯхта шуд

Август 29, 2024 18:00

МУЪМИНОБОД,  29.08.2024  /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи дӯзандагии «Ҷамолбӣ»-и ноҳияи Муъминобод барои 1100 хонанда    либоси ягонаи  мактабӣ  дӯхта шуд.

Тавре  роҳбари корхона Нураҳмад Мирзоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, мақсад аз таъсис додани корхона бо ҷойи кори доимӣ  таъмин  намудани занон ва духтарон,  инчунин бо сифати баланд дӯхтани либоси мактабӣ  мебошад. Корхона бо 21 муассисаи таълимӣ шартнома дошта,  хонандагонро  бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамояд.

Масъулини корхона ба 12 нафар ятими кулл, 5 нафар нимятим ва ба 20 нафар хонанда аз оилаҳои камбизоат ба тариқи ройгон либоси ягонаи мактабӣ тақдим намуда, тасмим гирифтаанд, ки ин амали хайрро идома диҳанд. Дар корхона   ҳоло  13 дӯзандаи таҷрибадор  фаъолият доранд. Корхона дар оянда имкон дорад то 10 нафар дӯзандаро ба кор қабул намояд.

Дар дохили корхона бунгоҳи тиббӣ,  мағоза,  осиёб,  дорухона, дорухонаи байторӣ, корхонаи пахтатозакунӣ ва толори варзишӣ мавҷуд мебошанд.

Дар ноҳияи Муъминобод 558 соҳибкори инфиродӣ  фаъолият доранд. Онҳо тасмим гирифтаанд, ки чунин корхонаҳоро дар ноҳия бештар таъсис дода, дар рушди соҳаи саноат  саҳм гузоранд.

АКС: АМИТ « Ховар»

Август 29, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд