Дар шаҳри Ҳисор корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар шаҳри Ҳисор дар майдони 15 гектар корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ба истифода дода мешавад.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода 1 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони шаҳр ба маблағи 300 ҳазор евро бунёд карда мешавад.
Таъкид гардид, ки барои бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дигар ниҳодҳои марбута ҳуҷҷатгузорӣ анҷом дода шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад






