Дар Тоҷикистон беш аз 197 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад

Август 3, 2024 11:06

ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли имсол 197 ҳазору 348 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, шумораи саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ 796 ҳазору 94 нафарро ташкил медиҳад. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва кумитаҳои идораи замин дар маҳал вобаста ба истифодаи самараноку мақсадноки замин бо онҳо мунтазам кор бурда, дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои саҳмдорон корҳои тарғиботиро идома медиҳанд. Дар ин хусус 29 июл зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иттилоъ дод.

Ориф Хоҷазода гуфт, ки дар шашмоҳаи якуми имсол дар дастгоҳи марказӣ 84 ва дар корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ зиёда аз 2600 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон қабул шуда, тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ гардид. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ  ба қабули шаҳрвандон ва баррасии саривақтии муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби роҳбарият шаҳрвандон қабул гардида, ба ҳалли муроҷиати онҳо мусоидат карда мешавад.

Дар ин давра ҳамзамон дар ҷамоатҳои деҳоти Дар-дар, Айнӣ, Анзоб, Рарз, Шамтуч ва Фондарёи ноҳияи Айнӣ баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо идома ёфт. Дар ин ҷамоатҳо корҳои саҳроӣ пурра ба итмом расида, ҳисоби масоҳати тарҳҳо тибқи нақшаи корӣ давом дорад.

Ҳамчунин корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои маҳалҳои аҳолинишин дар ноҳияи Панҷ, баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Чилгазӣ ва Лакконии шаҳри Исфара, корҳои камералӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, корҳои саҳроӣ дар шаҳри Ҳисор идома доранд. Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии ноҳияҳои Хуросон, Шаҳритус, Кушониён ва шаҳри Бохтар пурра ба охир расонида шуда, бо қарорҳои раисони ин шаҳру ноҳияҳо тасдиқ шуданд.

Баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳои ноҳияи Ҷайҳун дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ноҳия қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2024 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид