ПАЙВАСТИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ҳайати олимон бо мақсади татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, ҳамкорӣ бо олимони соҳаҳои экология, иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати академия бо марказҳои низоми таъмини обуҳавосанҷӣ, омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озон, коммуникатсия ва технология, яхшиносӣ, инчунин лабораторияҳои санҷиши об ва гидробиологӣ, шуъбаи пешгӯии обу ҳаво ва студияи Агентӣ шинос шуда, аз ҷараёни кор дар самти мониторинги муҳити зист, зуҳуроти табиӣ, омӯзиши қабати барф, сатҳи оби дарёҳо, мушоҳидаҳои аэровизуалӣ, истифодаи харитаи обу ҳаво, татқиқоти аксҳои моҳворавӣ, агрометеорология ва гидрология огоҳ гардид.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода гуфт, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгироҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар аксар шаҳру ноҳияҳо соҳиби бинои наву замонавӣ гашта, бо истифода аз технологияи нави мултимедӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, кормандони Агентии обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, технологияҳои пешрафтаи иттилоотию коммуникатсионӣ ва таҷҳизоти сатҳи ҷаҳонӣ таъмин мебошанд, ки ин имкон медиҳад ҳамарӯза дастрасии маълумоти дақиқ ва саривақтии обуҳавошиносӣ ва иқлимӣ ба аҳолӣ ва сохторҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар давраи муайяни вақт хеле самаранок пешниҳод гардад.
Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки мо бояд дар робита ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳамкории хуб намуда, дар ин замина магистрантону аспирантон ва докторантони PhD-и Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб намоем. Инчунин барои омодасозии мутахассисони соҳаи метероология, гидрология ва гялтсиология ҳамаҷониба мусоидат намоем ва минбаъд маълумоти омории Агентиро дар корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимон истифода барем.
Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева иттилоъ дод, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин стансияҳо ва дидбонгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар нимаи дуюми асри 19 пайдо шуданд. Дар ибтидои асри 20 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 6 дидбонгоҳи обуҳавосанҷӣ ва 2 дидбонгоҳи обченкунӣ мавҷуд буд. Ҳоло шумораи онҳо ба беш аз 56 адад расида, шумораи стансияҳои худкор ба 180 адад расонида шуда, бо истифода аз 15 модели математикӣ пешгӯиҳои боду ҳаво муайян мешаванд. Иброз гардид, ки баҳри баланд бардоштани иқтидори донишҳои соҳавӣ як гурӯҳ мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар Финландия, Швейтсария, Ҳиндустон ва Чин ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.
Стансияҳо мушоҳидаҳо дар самти зуҳуроти сел, пешгӯии тармафароӣ, пешгӯиҳои обу ҳаво, огоҳӣ оид ба амал омадани зуҳуроти номатлуби табиӣ, инчунин маълумот дар бораи вазъи ҳозира ва ояндаи муҳити табииро сари вақт ва боэътимод таъмин менамоянд. Аз ҷониби шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ чунин намуди маълумот ба сохторҳои дахлдор пешниҳод мегардад: пешгӯиҳои обу ҳаво давоми як шабонарӯз барои 1 ҳафта, 1 моҳ, пешгӯии мавсимии зимистон, баҳор, тобистон ва тирамоҳ, пешгӯиҳои моҳона ва семоҳа, пешгӯиҳо оид ба тағйир ёфтани андозаи оби дарёҳои ҷумҳурӣ, пешгӯиҳои давраи вегетатсия (мавсими рушди обнокии дарёҳо), бюллетенҳои ҳаррӯзаи экологӣ оид ба ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Бохтар, Турсунзода, бюллетенҳои обсанҷӣ ва агрометеорологӣ.
Бояд гуфт, ки Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ буда, ҳамоҳангсози миллии Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мебошад.
Меҳмонон бо намоишгоҳи таҷҳизоти экспедитсионӣ ва майдончаҳои обуҳавосанҷӣ шинос шуданд. Ба Раёсати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳамкории мутақобилан судманд аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти маҷмуи компютери фардӣ туҳфа гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






