Соҳибкорони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо технологияи коркарди меваи хушк дар Узбекистон шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафари омӯзишии ҳайати Тоҷикистон, ки аз намояндагони 13 корхонаи истеҳсол ва коркарди хушкмева ва ду ассотсиатсияи соҳавӣ иборат буд, дар Ҷумҳурии Узбекистон ба анҷом расид. Зимни ин сафар соҳибкорон ва иттиҳодияҳои соҳавӣ бо таҷрибаи пешрафтаи ширкатҳои давлати ҳамсоя дар самти истеҳсол ва коркарди хушкмева шинос шуда, барои барқарор намудани робита ва густариши ҳамкорӣ имкон пайдо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ медиҳад.
Сафар аз 10 то 14 август идома ёфта, дар ҷараёни он соҳибкорони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо коркарди меваи хушк дар шаҳрҳои Фарғона ва Самарқанд шинос шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ширкатҳои маҳаллии коркарди хушкмева дар ҳарду шаҳр бо равандҳо ва фанновариҳои истеҳсолӣ шинос шуд. Ҳамчунин сафар ба аъзои ҳайат имкон фароҳам овард, то бо шарикон тамосҳои тиҷоратӣ барқарор намуда, имконияти дастрасӣ ба ашёи хом ва бозори фурӯшро баррасӣ намоянд. Онҳо ҳамчунин оид ба вазъи пешбурди соҳибкорӣ дар ҷумҳурии ҳамсоя, ба монанди низоми андоз ва андозбандӣ, равандҳои воридоту содироти маҳсулот, дастрасӣ ба маблағ ва қарзҳои бонкӣ, пуштибонии давлат аз соҳа маълумот пайдо карданд. Дар баробари табодули таҷрибаи тиҷоратӣ ин ибтикор ҳамчунин ҳадаф дошт, то байни ассотсиатсияҳои соҳавӣ барои ҳамкории оянда тамос барқарор гардад.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ғайрат Қобилзода гуфт, ки “сафари омӯзишӣ ба Узбекистон барои соҳибкорони соҳаи истеҳсол ва коркарди хушкмеваи мо босамар буд. Аъзои ҳайат бо таҷрибаи ғании соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзии кишвари ҳамсоя ва таҷҳизоту фанновариҳои муосир шинос шуданд. Шиносоӣ бо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба соҳибкорони мо доир ба меъёрҳои сифат ва самаранокии занҷираи арзиши иловагӣ маълумоти иловагии муфид дод. Барои тақвияти ҳамкории эҳтимолӣ ва ошноӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ низ ин сафар имконияти боарзиш фароҳам овард”.
АКС: Маркази тиҷорати байналмилалӣ








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






