«ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ!». Ин озмун дар Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 28.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода байни омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Таътилро босамар гузаронем!» ба тариқи фосилавӣ озмуни китобхонӣ ба роҳ монда шуд, ки 4 сентябр- дар Рӯзи китоб ҷамъбаст мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом ҳар иштирокчӣ дар зодгоҳ ё ҷои истиқомат ҳангоми мутолиаи китоб акс гирифта, ҳамзамон дар бораи китоби хонда истодааш маълумоти мухтасар илова намуда, ба суроғаи донишгоҳ ирсол менамояд.
Озмун 20 июл оғоз гардида, то имрӯз дар он зиёда аз 30 нафар иштирок намуд. Довталабон имкон доранд то 4 сентябр дар озмун иштирок кунанд.
Довталабон аз рӯйи номинатсияи акси китобхони беҳтарин, манзараи беҳтарин ва намунаи нақли беҳтарин аз рӯйи китоби мутолианамудаи иштирокчӣ аз ҷониби устодони факултети филологияи донишгоҳ ва истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ баҳогузорӣ гардида, ғолибон бо мукофоти хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 17 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда, ин рӯз- 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.
Рӯзи китоб ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷомеаро ба арҷ гузоштан ба осори адибону олимон ва мутолиаи мунтазами китоб ҳидоят менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






