ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат соли гузашта 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон соли 2023-юм 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 79,7 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ин шумора зиёда аз 255 миллион доллар ба содирот ва беш аз 890 миллион доллар ба воридот рост меояд. Гардиши савдои хориҷии ду давлат дар шашмоҳаи якуми имсол ба 669 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 119,5 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин давра содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон 118,8 миллион доллар ва воридот 550,2 миллион долларро ташкил дод. Дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 Қазоқистон бо ҳиссаи 15,2 дарсад ҷойи 3-юмро ишғол мекунад. Чунин изҳори назар намудааст муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Солиҳов дар мақолааш, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкур оварда мешавад.
— Сохтори содиротро асосан 76,3 дарсад маъданҳо ва консентратҳо, 6,1 дарсад меваю донагиҳо, 4,6 фоиз сурб ва маҳсулот аз он, 3,3 фоиз нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар сохтори воридотӣ 36,4 дарсадро гандум ва ғалладонагиҳо, 18,6 фоизро нафт ва маҳсулоти нафтӣ, 10,7 дарсадро маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ, 9,8 фоизро фулузоти сиёҳ, 7,5 дарсадро равғанҳо, равғани растанӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо сиёсати хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи «дарҳои боз» тавонист бо кишварҳои ҷаҳон ва минтақа доираи муносибатҳоро густариш бахшад.
Қазоқистон яке аз шарикони ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муносибатҳо дар заминаи ҳамсоягии нек, ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории иттифоқӣ густариш меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳама сатҳҳо ҳамеша муколамаи муфид ва эътимодбахши сиёсию иқтисодии байнидавлатиро нигоҳ дошта, дар чаҳорчӯби муҳимтарин сохторҳои байналмилалӣ ҳамкории пурсамар доранд ва дар таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба дар Осиёи Марказӣ саҳми муштарак мегузоранд. Имрӯзҳо бо ибтикори роҳбарони ҳарду давлати дӯст ва ҳамҷавор робитаҳои байнидавлатӣ ба дараҷаи ҳамкории иттифоқӣ расида, дар рушди муносибатҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам меорад.
7 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барқарор шуда, намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Қазоқистон моҳи июни соли 1993 ифтитоҳ шуд. Намояндагии дипломатии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе аз моҳи январи соли 2001 ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина асоси муносибатҳоро сатҳи баланди эътимоди мутақобил, якдигарфаҳмӣ ва наздикии мавқеъҳо дар мавриди аксар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ташкил медиҳад.
Моҳи январи соли 1993 «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, 14 сентябри соли 2015 Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба – эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ ва кӯшиши ҷонибҳо барои амаласозии робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо беш аз 100 санади ҳамкории байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар самтҳои иқтисод, молия, саноат, сармоягузорӣ, энергетика, иқтисоди «сабз», иқтисоди рақамӣ, андоз, бонкдорӣ, гумрук, фарҳанг, маориф, варзиш, сайёҳӣ ва мудофиа ба роҳ мондаанд.
Рамзӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё муваффақона ҳамкорӣ ва мавқеи ҳамдигарро ҳамоҳанг менамоянд.
То ба ҳол беш аз 8 маротиба сафари расмии сарони давлатҳо доир гардид, ки дар густариши муносибатҳои дуҷониба саҳми калидӣ гузоштаанд.
Нахустин сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-20 майи соли 2021 бо даъвати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд. Дар ҷараёни ин сафар сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи корхонаҳои соҳавӣ истеҳсолоти муштараки коркарди ашёи хомро то маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ расонанд, инчунин омодагиро барои баррасии тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи мошинсозӣ, саноат, роҳи оҳан, инфрасохтор ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон 3-4 майи соли 2023 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Ин сафари корӣ дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Қазоқистон басе муҳим ва самарабахш ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев бо мукофоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон – ордени «Алтин Қиран» (Шоҳини тиллоӣ) сарфароз гардонида шуданд. Бо ин нишони олии давлатии Қазоқистон сарфароз гардонидани Пешвои миллати тоҷик бори дигар исбот намуд, ки Президенти Тоҷикистон дар густариши муносибатҳо бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, бунёди давлати навини тоҷикон ва таъмини рушду пешрафти рӯзафзуни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, бо ташаббусҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳони муосир ва башарият, расидагӣ ба хатарҳои экологӣ, ки барои кулли кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ ба бор меоварад, нақши калидӣ доранд ва Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҳама гуна мукофоту ҷоизаҳои давлатию ҷаҳонӣ мебошанд.
Мояи сарфарозӣ аст, ки имрӯзҳо кишварҳои минтақа дар ҳалли аксар масъалаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи муваффақ пешниҳод менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҷаласаҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мавқеи густурда касб намудааст.
Дар робита ба ин 9 августи имсол дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин вохӯрӣ роҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд. Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои минтақаро баррасӣ намуда, дар раванди пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир ҳамгироӣ ва иттифоқиро байни ҳамдигар зарур ва муҳим донистанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳим барои рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа дониста шуда, беш аз пеш бояд тақвият дода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давоми панҷ соли охир гардиши мол дар минтақа беш аз ҳаштод дарсад афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт ва дар ҳолати истифодаи самараноки зарфияти мавҷуда гардиши мол дар минтақа метавонад ояндаи наздик ба 20 миллиард доллари амрикоӣ баробар гардад.
Ҳамзамон густариши ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергетикаи «сабз» заминаи калидии рушди иқтисоди «сабз» дар минтақа муҳим арзёбӣ намуданд.
Имрӯзҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳалли фаврии масъалаҳои муҳимми соҳаҳои воқеии давлатҳо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ амал мекунад.
То имрӯз 16 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шудааст, ки дар кори он асосан масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шудаанд.
Имрӯз нақш ва ҷойгоҳи Осиёи Марказӣ дар раванди мураккабшавии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ беш аз пеш меафзояд. Кишварҳои минтақа дорои иқтисоди бузурги созандагӣ ва ҳамгироӣ мебошанд. Дар баробари ин, имрӯз давлатҳои Осиёи Марказӣ оқибатҳои тамоми мушкилоти дар ҷаҳон ба амаломадаро аз сар мегузаронанд. Дар шароити геосиёсӣ ва геостратегӣ давлатҳои минтақаро мебояд, ки барои пойдории сулҳу субот ва таъмини рушди иқтисодӣ дастгирии мутақобила, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак дошта бошанд.
АКС аз манбаъҳои боз