Ҳайати Тоҷикистон бо доираҳои иқтисодию тиҷоратии Олмон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шаҳри Остона дар ҳошияи Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо доираҳои иқтисодию тиҷоратии Олмон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони иқтисодиву тиҷоратии Олмон даъват намуд, ки бо истифода аз фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкориро густариш бахшанд.
АКС: АМИТ «Ховар»











РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Раванди татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Бахшида ба 20-солагии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон конфронси 3-юми байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАИ АЛОҚА. Қабули ин санади стратегӣ кафолати рушди босуботи соҳа мебошад
Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад
Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода мешавад
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи СҲШ иштирок намуд






