Қариб 70 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию табобатии шаҳри Ҳисорро тамошо карданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 70 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ имсол маконҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатию табобатии шаҳри Ҳисорро тамошо кардаанд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор Бахтиёр Неъматов иттилоъ дод.
Аз шумораи умумии сайёҳон қариб 6 ҳазорашро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки гардиши умумии хизматрасонӣ беш аз 10 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар шаҳри Ҳисор бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд иншоот ва инфрасохтори сайёҳӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон нақши муассир мегузорад. Ҳоло дар шаҳр се меҳмонхона, 16 бӯстонсаро ва шаш осоишгоҳ, аз қабили «Шоҳамбарӣ», «Сатурн», «Сангчашма» фаъолият намуда, ба сайёҳону меҳмонон дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Ҳисор ду меҳмонхонаи калони ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ — меҳмонхонаи «Усто Набот» ва «Даҳбед» фаъолият доранд.
Дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 11 инфрасохтори нави замонавии сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, тарабхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда шаванд.
Инчунин дар ин давра теъдоди зиёди меҳмонону сайёҳон бо Маҷмааи истироҳатию фарҳангии «Шаршара», истироҳатгоҳи «Грин Вуд Хаус» ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ шинос гардид.
Барои рушди сайёҳии экологӣ дар шаҳри Ҳисор хатсайри нави сайёҳии табиии экологӣ-таърихию фарҳангӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ якчанд иншоот ва инфрасохтори сайёҳӣ ба истифода дода шуд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон нақши муассир мегузоранд. Алҳол дар ҳудуди шаҳри Ҳисор қариб 90 ёдгории таърихӣ, аз ҷумла ҳашт ёдгории монументалӣ, 12 адад меъморӣ ва 67 адад археологӣ мавҷуд мебошанд.
Ёдгории таърихие, ки намунаи зиндаи таърихи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён шинос менамояд, «Қалъаи Ҳисор» мебошад, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро хеле зиёд ҷалб намудааст. Бо назардошти муаррифии таъриху тамаддуни Ҳисор ба ҷаҳонгардон ва меҳмонон дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор» «Бозори ҳунармандон» ташкил гардидааст, ки дар растаҳои он маҳсули дастони ҳунармандон ба намоиш ва фурӯш гузошта шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






