Дар Бӯстон даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор шуд

Сентябрь 18, 2024 08:49

ДУШАНБЕ, 18.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва рушди атласу адрасбофӣ дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Иброз шуд, ки атласу адрасбофӣ аз ҳунарҳои таърихии тоҷикон маҳсуб шуда, то имрӯз маъруфияти зиёд дорад. Ин матоъҳо, ки хусусияти миллӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, дар мӯди ҷаҳонӣ васеъ истифода мегарданд.

Ҳунари атласу адрасбофӣ таърихи дароз дошта, навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки то имрӯз қариб дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ маъмул аст. Дар замони муосир корхонаҳои адрасбофӣ дар ҳар шаҳру деҳаи мамлакат мавҷуд буда, талаботи мардум низ ба матои гуногуннақши адрас бештар мешавад.

Атлас матои рангаю сернақшу нигоре аст, ки аз рӯзи пайдоиш то имрӯз сифат ва мавқеи хоси худро гум накардааст. Он дар байни газворҳои дигари бофандагӣ «шоҳи матоъҳо» ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар корхонаҳои абрешимбофии ҷумҳурӣ беш аз 30 навъи атлас истеҳсол мегардад.

Воқеан, бо либоси зебою беҳамтои миллӣ зани тоҷик чун олиҳаи ҳусн бемислу дилфиреб пеши назар ҳувайдо мегардад. Махсусан, гулкориҳои моҳиронаи либосҳои тоҷикона, ба монанди атласу адрасҳои пурҷилои рангоранг, чакан ва тоқиҳои пур аз нақшу нигори миллии тоҷикӣ имрӯз дар арсаи ҷаҳон шинохта шуда, дар олам беназиранд ва ҳамаро мафтун мегардонанд.

Тибқи Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он, аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои кӯдакона, идона, расмӣ ва намоиши либосҳои арӯсию домодӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии ин фестивал маҳсули ҳунари хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар фарҷом беҳтаринҳо бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуда, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Сентябрь 18, 2024 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара Майнинг» оғоз бахшиданд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ «Барги Шоҳтут» оғоз бахшиданд