Дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии таълимӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 август дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии таълимӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бинои иловагии таълимӣ барои соҳибкасб намудани шаҳрвандон бо дастгирии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо муосиртарин таҷҳизот таъмин гардидааст.
Бояд гуфт, ки имрӯз, 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз ёфт. Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ин рӯз оғоз гардид.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид






