Дар майдони Таймс Сквери Ню-Йорк бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навори ҷашнӣ пахш мегардад
ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8-9 сентябри соли 2024 ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Ню-Йорк (Амрико) — майдони Таймс Сквер (1560 Broadway, New York, NY 10036) навори ҷашнӣ пахш мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иттилоъ медиҳад.
Навор дар биллборди (лавҳаи) 17 х 9.5 метр давоми як шабонарӯз дар дақиқаи 7-уми ҳар як соат намоиш дода мешавад.
Қобили таъкид аст, ки ҳамарӯза беш аз 500 ҳазор нафар аз майдони Таймс Сквер мегузаранд.
Инчунин хоҳишмандон наворро ба таври мустақим дар вақти муайянгардида (8 сентябр, соатҳои 00:07, 01:07, 02:07 ва ғайра то соати 23:07 бо вақти ш.Ню-Йорк (GMT-4) / мутаносибан 8—9 сентябр бо вақти ш.Душанбе (GMT+5)) дар суроғаи зерин тамошо карда метавонанд:








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Дабирхонаи Анҷумани ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Словения баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд






