Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Қошғари Чин ҳамкориро густариш медиҳад

Сентябрь 25, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 25.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариш додани ҳамкории илмию эҷодӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вохӯрии намояндагони ҳарду ҷониб баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода зимни вохӯрӣ оид ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, робитаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва самти фаъолияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий маълумот дод.

Котиби комитети ҳизбии Чин Дин Банвэн иброз дошт, ки   Донишгоҳи Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба барномаҳои таълимӣ, табодули устодону донишҷӯён дар самти таҷрибаомӯзӣ ва пеш бурдани корҳои илмию таҳқиқотӣ ҳамкорӣ намояд.

Дар вохӯрӣ вобаста ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ, табодули устодону донишҷӯён ва густариш бахшидани ҳамкории дуҷониба табодули назар карда шуд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид