«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати комиссияи озмун баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайати комиссияи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмун шинос намуд.
Дар ҷаласа доир ба баргузории даври якум ва дуюми озмун, баргузор намудани даври сеюми озмун ҳисоботи муфассал пешниҳод гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода доир ба омодагӣ ба даври сеюм ва тартиби баргузории он сухан намуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсади озмун дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» мебошад.
Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шуда, ба тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ инъикос шавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






