ИМРӮЗ — РӮЗИ МОШИНСОЗОН. Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Марказӣ ва ИДМ ягона давлате аст, ки корхонаи истеҳсоли электробус дорад
ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 8 моҳи соли 2024 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи мамлакат дар маҷмуъ ба маблағи 2769,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2023 484,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот назар ба ҳамин давраи соли 2023 121,2 фоиз таъмин гардидааст.
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи сентябр Рӯзи байналмилалии мошинсозон таҷлил мегардад. Дар иртибот ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Саидҷон Саидраҳмонзода суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони сомонаи АМИТ «Ховар» менамоем.
АМИТ «Ховар»: Дар Тоҷикистон дар соҳаи саноати мошинсозӣ чанд корхона ва дар кадом минтақаҳо фаъолият доранд?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Ҳоло дар соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар маҷмуъ 171 корхона дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 150 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа саҳм гузоштаанд.
АМИТ «Ховар»: Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар мамлакат кадом корхонаҳои нави мошинсозӣ ба фаъолият шуруъ намуданд?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Дар давраи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат дар ҷумҳурӣ дар соҳаи мошинсозӣ зиёда аз 15 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар заминаи иқтидори онҳо мошинҳои махсуси зиреҳпӯш, электроскутерҳо, дучархаҳои намудҳои гуногун, аробачаҳои бачагона, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва техникаи кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаҳои мошинсозии мамлакат чӣ қадар аст ва имсол чӣ миқдор мошин ва дигар таҷҳизот истеҳсол гардид?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Дар ҷумҳурӣ дар айни замон 3 корхона- «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор, «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе ва «Новселмаш»-и ноҳияи Спитамен ба истеҳсоли техника ва мошинолоти кишоварзӣ машғул мебошанд. Ин корхонаҳо дар 8 моҳи соли 2024 ба маблағи 49,2 миллион сомонӣ техника ва мошинҳои кишоварзӣ истеҳсол намудаанд. Дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 160 трактори гуногунтамға ба маблағи 36,6 миллион сомонӣ ва 160 техникаи кишоварзӣ ба маблағи 36,6 миллион сомонӣ истеҳсол гардид.
Корхонаи «Агротехсервис» дар ин давра ба маблағи 36,3 миллион сомонӣ трактор ва техникаи кишоварзӣ, аз қабили 126 трактори гуногуниқтидори тамғаи «Беларус», 74 ядак, 17 тойбанд, 52 сипор, 24 мола ва 14 алафдарав истеҳсол намудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 1700 трактори гуногунтамға мебошад.
Корхонаи «ТоҷИрон»-и шаҳри Душанбе дар ин давра ба маблағи 12,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2023 1,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Корхона дар ин давра 34 трактор истеҳсол намуд. Корхона 219 техникаи гуногуни кишоварзиро ба маблағи 5 миллион сомонӣ истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 109 адад зиёд мебошад.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар самти истеҳсоли мошинҳое, ки ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ мусоидат менамоянд, чӣ тадбирҳо меандешад?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус)»-и шаҳри Душанбе, корхонаи ҷамъу васли автобусҳо корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Туркия «Акия Авесто Автоматив Индастрӣ» соли 2018 ба роҳ монда шуд, ки иқтидори истеҳсоли он аз 250 то 300 автобус дар як сол мебошад. Аз оғози фаъолият ин корхона зиёда 410 автобусро ҷамъу васл намуда, барои истифода ба харидорони дохили ҷумҳурӣ пешниҳод намуд. Барои ба шаҳри сабз табдил додан, беҳтар намудани вазъи экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ муҳаррики дарунсӯз ва рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2022-2028 дар ҷумҳурӣ корхона бори аввал истеҳсоли электробусро бо номи «Акиа НЕРӮ» ба роҳ монда, дар марҳилаи аввал 30 электробус истеҳсол ва ба мақомоти шаҳри Душанбе пешниҳод намуд. Корхона то охири соли 2024 30 электробус истеҳсол намуда, ба мақомоти пойтахт пешниҳод менамояд. Корхона дар 8 моҳи соли 2024 қисмҳои автобус ва элетробусро ба маблағи 16,2 миллион сомонӣ ворид ва ҷамъу васл намуд. Шумораи коргарон 104 нафарро ташкил медиҳад.
«Акия Авесто Автоматив Индастрӣ» ягона корхонаи истеҳсолкунандаи электробусҳо дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти маҳсулоти тавлидкунандаи худ бо Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон, ки стратегия ва барномаҳои дахлдор барои харидории электробусҳоро барои давраи то соли 2030 ба тасвиб расонидаанд, кор мебарад.
АМИТ «Ховар»: Соли 2023 дар Тоҷикистон корхона оид ба ҷамъу васли мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ ба истифода дода шуд. Ҳоло фаъолияти он чӣ гуна аст?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва татбиқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Сипар Груп Лимитед» ба истифода дода шуд. Самти фаъолияти ин корхона ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.
«Сипар Груп Лимитед» тасмим гирифтааст, ки бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат, хусусан аз Русия ҷамъу васли 4 намуд автомошинаи махсуси ҳарбии зиреҳпӯшро ба роҳ монад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхонаи нав то 120 мошини махсуси зиреҳпӯш дар як сол буда, бо назардошти талаботи бозор имкон дорад ҳаҷми истеҳсоли мошинҳо зиёд карда шавад. Дар корхонаи навтаъсис 100 ҷойи кори нав ташкил гардида, як қисми коргарон ба хориҷи мамлакат ба бозомӯзӣ равона карда мешаванд. Дар 8 моҳи соли 2024 ин корхона ба маблағи 168,4 миллион сомонӣ мошинҳои махсуси зиреҳпӯш ҷамъу васл намуд.
АМИТ «Ховар»: Оё маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноати мошинсозии мамлакат ба давлатҳои хориҷӣ содирот мегардад?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Соли 2023 аз ҷониби «Агротехсервис» 7 трактори кишоварзӣ ба маблағи 889,9 ҳазор доллар ба Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳои минтақа содирот гардид. Ҳамзамон барои содироти автобус, электробус, мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ аз тарафи роҳбарони корхона тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Оё дар соҳаи саноати мошинсозии мамлакат ва дурнамои рушди он барномаи давлатӣ қабул гардидааст?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020 «Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардидааст, ки ҳадафи он тақвияти рушди соҳаи мошинсозӣ, ташкили корхонаҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосир, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи ҷумҳурӣ бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида мебошад.
Дар давраи амалишавиии барнома самтҳои асосии рушди соҳа, дурнамои истеҳсоли маҳсулот ва нақшаи амали мукаммали иҷрои вазифаҳои мушаххас муайян гардида, дар асоси он аз тарафи вазорату идораҳои марбута чораҳои зарурӣ дида ва амалӣ карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Дурнамои рушди соҳаи мошинсозӣ дар Тоҷикистон чи гуна аст?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Дар асоси нақшаи амали «Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар оянда дар соҳа ба роҳ мондани истеҳсоли электромобилҳои гуногуниқтидор, таҷҳизоти таъмини неруи барқ барои электромобилҳо, мототсиклҳои барқӣ, тракторҳои хурд барои коркарди байни қаторҳои боғҳо, техникаи хурдҳаҷм, истеҳсоли атомобилҳои боркаш ва қисмҳои эҳтиётии тракторҳо, автобусҳо ва электробусҳо пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ дар оянда корхона ва коргоҳҳои хурд барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоти хурд барои соҳаи мошинсозӣ ташкил мегарданд, ки дар маҷмуъ дар рушди соҳа саҳм мегузоранд.
Инчунин аз тарафи мутасаддиёни соҳа барои амалӣ гардидани вазифаҳои дар нақшаҳои амали «Барномаи рушди саноати мошинсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» гузошташуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соҳаи мошинсозӣ бештар бо кадом давлатҳои хориҷӣ ҳамкории мутақобили судманд дорад ва аз таҷрибаи онҳо самаранок истифода менамояд?
Саидҷон Саидраҳмонзода: Корхонаҳои соҳаи мошинсозии ҷумҳурӣ асосан бо корхонаҳои мошинсозии Чин, Узбекистон, Русия, Туркия, Беларус, Озарбойҷон ва дигар давлатҳо ҳамкории судманди тарафайн доранд. Фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои «Акия Авесто Автоматив Индастрӣ», «Артел Авесто электроникс», «Композит Т.А», «Талко Кемикал», «Ауфен» ва «Тк Ойл» далели ин гуфтаҳо мебошад. Дар робита бо ширкатҳои бонуфузи ин давлатҳо корхонаҳои муштарак ташкил гардида, бо иқтидори онҳо истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида ба роҳ монда шудааст. Ин корхонаҳо талаботи ҷумҳуриро бо автобус, электробус, қубурҳои пластикӣ ва композитӣ, маҳсулоти металлӣ, химиявӣ, нуриҳои маъданӣ, обгармкунаки барқӣ, чангкашаки барқӣ, мошинаи ҷомашӯйии нимахудкор, телевизор, яхдон, кондитсионер ва ғайра таъмин намуда, қисме аз онҳо ба давлатҳои хориҷӣ содирот мешаванд.
Дар оянда бо мақсади рушди соҳаи мошинсозӣ ҳамкорӣ бо ин давлатҳо тақвият ёфта, дастовардҳо ва таҷрибаи пешрафтаи ин кишварҳо дар асоси технологияи муосир дар соҳаи мошинсозӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Мусоҳиб Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»