«НАЗМУ ТАРТИБ ҲАР КУҶОЕСТ ПОЙДОР». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 21, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 21.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат, новобаста аз мақому мартабаи иҷтимоӣ ба роҳ мондани фаъолият дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда аст. Аз ин рӯ, донистани Конститутсия ва эҳтирому риоияти бе чуну чарои қонунҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди мамлакат аст. Ин матлабро ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  Зоир Раҳмонзода 20 сентябр зимни баргузории ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор» бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ баён намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонун мебошад. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ омилҳои гуногун метавонанд ба шууру ҷаҳонбинии донишҷӯёну наврасон таъсир расонанд. Донишҷӯён бояд аз имконияти интернет танҳо барои ташаккули шахсият ва касбияти худ истифода намоянд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд