ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ АСТРОНОМИЯ-2024. Астрономҳои ҷавони тоҷик се медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз се хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иборат буд, Олимпиадаи ҷаҳонии астрономия – 2024 (OWAO-2024) се медал, аз ҷумла ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Медалҳои нуқраро Сайида Абдуҳамидова ва Ҳусанҷон Салимов, медали биринҷиро Ҳусейни Ғуломзода соҳиб шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки ин дастоварди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон далели боризи сатҳи баланди омодагии хонандагони тоҷик ва майлу рағбати беинтиҳои онҳо ба тадқиқоти илмӣ мебошад, ки бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори соҳаи маориф ва илми мамлакат ба даст омад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи ҷаҳонии астрономия – 2024 (OWAO-2024) аз 15 то 22 сентябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он 102 хонандаи болаёқат аз 20 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.













Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






