«ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2024». Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2024» оғоз гардид. Дар он омӯзгорони чор ноҳияи пойтахт байни ҳам донишу маҳорати касбӣ месанҷанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.
Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ: омӯзгори фанни физикаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино Меҳрангези Аслиддин, омӯзгори фанни забони русии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Фирдавсӣ Гулнора Сулейманова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Шоҳмансур Шукрона Атоева ва омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Некбахт Ҳасанов иштирок менамоянд.
Тибқи тартиб, қисмати амалии даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» аз Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун ба Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе рафтанд.
Довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






