Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо фаъолияти зеристогоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KОИКА) Ҷанг Вон Сам бо фаъолияти зеристогоҳи барқии 110/20/10 кВ-и «Ромит»-и Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, ки бо маблағгузории Агентӣ бунёд шудааст, шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи мазкур 8 октябри соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.
Татбиқи лоиҳа имкон фароҳам овард, ки сокинони деҳоти Ромит – деҳаҳои Қоху, Девдара, Новаки Поён, Новаки Боло, Пушандоч, Вистан, Дашти Мазор, Ғусғеф ва Пичеф, дар маҷмуъ 9 деҳа, беш аз 3 100 нафар ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намоянд.
Баъд аз шиносоӣ бо фаъолони деҳоти Ромит вохӯрӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки ба наздикӣ корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит» (марҳилаи 2) оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси ҳамкорӣ бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ 4 августи соли 2023 байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар ҷамоати деҳоти Ромит» (марҳилаи 2) Протоколи музокирот ба имзо расонида шуд.
Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, барои дастрасии 14 деҳа, аз ҷумла, деҳаҳои Лошхарв, Сайёд, Хилмарз, Товиши поён, Лангар, Деҳпир, Сонеҳ, Сорвоғ, Хоҷабӯстон, Варвар, Регак, Хол, Сорбоғи Дарун, Сорбоғи Даҳана бо барқ, инчунин васеъсозии зеристгоҳи барқии 110 кВ-и «Ромит», зеристгоҳи барқии 35 кВ-и «Явроз» ва пайвастсозии зеристгоҳи барқии 35кВ-и «Явроз» бо зеристгоҳи барқии 110 кВ-и «Ромит» тавассути хатти интиқоли барқи 35 кВ пешбинӣ шудааст.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






