Ҳайати Тоҷикистон дар Форум ва намоишгоҳи байналмилалии «CHINA MINING 2024» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15-18 октябр бо даъвати Вазири захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Гуанхуа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Тянҷин сафар намуда, дар маросими ифтитоҳи конфронс ва Намоишгоҳи байналмилалии «CHINA MINING 2024» иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15 октябри соли 2024 роҳбари ҳайати Тоҷикистон- Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар маросими ифтитоҳи Форуми 26-ум ва Намоишгоҳи байналмилалии «CHINA MINING 2024» иштирок намуд. Вазири саноат ва технологияҳои нав оид ба ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳури Мардуми Чин дар соҳаи саноати маъдан ва металлургия изҳори назар намуд. Зимни суханронӣ ӯ изҳор дошт, ки «мо чунин мешуморем, ки тавсеаи шарикии мо дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои ҳарду давлат аҳамияти стратегӣ дорад. Мо боварӣ дорем, ки талошҳои муштарак ва равишҳои навоварона ба мо барои расидан ба қуллаҳои нав дар рушди иқтисодамон ва таъмини шукуфоии мамлакатҳоямон кумак менамоянд».
Дар анҷоми суханронӣ Шералӣ Кабир вазирони саноати Чин, Туркия, Африқои Ҷанубӣ, Зимбабве ва дигар иштирокчиёни хориҷиро барои иштирок дар Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории истихроҷи маъдан ва металлургии Тоҷикистон, ки 29-30 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.


Дар ҳошияи конфронс мулоқотҳои ҷудогонаи ҳайати мамлакат бо роҳбарияти вазоратҳои соҳавии Чин, Туркия, Африқои Ҷанубӣ ва ширкатҳои бузурги сармоягузорӣ, ки ҳайати 500 ширкати бузурги ҷаҳон дохил мешаванд, дар назар аст. Конфронс барои табодули таҷриба, барқарор намудани робитаҳои байналмилалӣ ва баррасии дастовардҳои соҳаи маъдан имконияти хуб фароҳам меорад.
Ҳамзамон дар доираи форум 15 октябри соли 2024 ёддоштҳои зерини ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин ба имзо расиданд:
1. Khuroson Holding Co. LLC, Junxi Plastic CO., LTD барои сохтмони заводи профилҳои алюминийи Тоҷикистон;
2. Guangzhou Akoma Import ва Export CO., LTD and LLC “Akoma” барои содироти маҳсулоти ҳасибии ширкатҳои тоҷикии «Акома» дар Чин;
3. Jiangsu Pengfei Group Co., LTD ва Khuroson Holding Co LLC клинкерҳо ва семент дар Тоҷикистон.

«CHINA MINING 2024» — конфронси байналмилалӣ ва намоишгоҳи ҳамасола аст, ки аз соли 1999- замони таъсиси худ инҷониб баргузор мегардад. Чорабинӣ ба яке аз калонтарин ва бонуфузтарин майдонҳо барои баррасии масъалаҳои истихроҷи маъдан табдил ёфтааст. Он соли 2024 таҳти унвони «Рушди ҳамкории истихроҷи маъдан барои ояндаи беҳтар» баргузор мешавад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд






