Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 13, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 13.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Муаммоҳои муосири баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити ғайринақдикунонии пардохтҳо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Кори конфронс бо намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ оғоз гардид.

Иброз шуд, ки дар шароити муосир ва муносибатҳои зудрушдёбандаи иқтисоди бозорӣ, инчунин марҳила ба марҳила татбиқ гардидани иқтисодиёти рақамиву инкишофи тиҷорати электронӣ масъалаи мукаммалгардонии низоми пардохти ғайринақдӣ ва тавсеаи истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бисёр муҳим мебошад.

Дар вазъияти зудтағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон хавфҳои эҳтимолии иқтисодию молиявӣ зиёд гардида, ба устувории макроиқтисодӣ ва молиявӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар конфронс доир ба «Масоили мубрами баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт» ва «Нақши пардохтҳои ғайринақдӣ дар рушди устувори иқтисоди миллӣ» маърузаҳо пешниҳод шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

Октябрь 13, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
Аз 1 июл даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ оғоз мегардад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷаллаи нави илмии байналмилалӣ «Дипломатияи тоҷик» таъсис ёфт
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад