Дар Душанбе ҷаласаи Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор шуд

Октябрь 16, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 16.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Кумита  оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа масъалаҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, чораҳои амалишуда дар самти татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҷумҳурӣ ва  омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баҳри рафъи норасоии маводи таълимӣ, ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон ва  таъмини базаи моддии техникӣ дар муассисаҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 16, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд