Дар Тоҷикистон нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз гардид, ки то 6 октябр идома меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар чемпионат 531 варзишгар (290 мард, 241 зан) аз 67 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар ин мусобиқа варзишгарони то 21-сола иштирок менамоянд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар қувваозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 24 нафар (17 нафар байни писарон, 7 нафар байни духтарон) рақобат менамояд. Инчунин дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон байни ҷавонон бори аввал дар сабқати даставии омехта иштирок менамояд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ (медали тилло 2500 евро, медали нуқра 1500 евро ва медали биринҷӣ 850 евро) сарфароз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ин чемпионат дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин бор баргузор мешавад. Мақсад аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушди варзиши мамлакат, аз ҷумла гӯштини ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва болоравии минбаъдаи шарафи варзиши Тоҷикистон мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






