Имрӯз дар вилояти Хатлон Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024» оғоз мегардад

Октябрь 17, 2024 09:01

ДУШАНБЕ, 17.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2024» оғоз мегардад, ки дар он  маҳсулоти саноативу кишоварзии  вилоят пешниҳод мегардад.

Тавре дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар  Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии «Хатлон Инвест» доир шуда, то 18 октябр идома меёбад.

Дар назар аст, ки дар намоиш ва форум зиёда аз 100 нафар меҳмонон аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намоянд.

Форуми мазкур соли чорум аст, ки аз ҷониби Агентии содирот ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳои «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ташкил карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд — 2024»- ин рушд додани содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронида, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 24-25 майи соли гузашта Форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2023» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, дар он намояндагони сохторҳои дипломатии Узбекистон, Русия, Беларус, Украина, Эрон, Афғонистон, Туркия, Литва, Гурҷистон ва Покистон, беш аз 200 нафар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ва харидорон аз Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Узбекистон барои пешбурди содироти маҳсулот аз Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар форум муҳокимаҳои панелӣ оид ба масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, масъалаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, пешбурд ва рушди содирот доир гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2024 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд