Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд

Октябрь 29, 2024 15:00

РАШТ, 29.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба навоҳии минтақаи Рашт сафар намудааст, бо фаъолон ва кишоварзони ноҳияи Рашт вохӯрд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Маҳмадтоир Зокирзода доир ба мавзуъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, вусъат додани ободониву созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иҷро намудани қонунҳои миллӣ ва аҳамияти он, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли миллӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Иброз гардид, ки дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. Дар баробари ин муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия ифода менамояд. Минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Октябрь 29, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Рустами Эмомалӣ бо Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид

Маводҳои таҳлилӣ