«ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ». Истаравшан ба ин унвони байналмилалӣ сазовор гашт

Октябрь 1, 2024 19:32

ДУШАНБЕ, 01.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Фестивали якуми байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» баргузор гардид. Дар доираи фестивал  шаҳри Истаравшан аз ҷониби Шӯрои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ ҳамчун шаҳри ҳунармандӣ эътироф гардида ба аъзогии ин Шӯро пазируфта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ медиҳад.

Дар ин рӯз 40  ҳунарманд аз давлатҳои аъзои Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ ва меҳмонону ҳунамардони тоҷик намоиши ҳунарии мардуми шаҳри Истаравшанро тамошо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Фестивали якуми байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» пагоҳ, 2 октябр низ идома меёбад. Дар назар аст, ки иштирокчиён бо мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан шинос шаванд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

 

Октябрь 1, 2024 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид