«ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ». Байни сарбозону афсарони қисмҳои низомии ноҳияи Хуросон чорабиниҳои ватандӯстона доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон байни сарбозону афсарони қисмҳои низомии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барномаи телевизионии «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» сабт карда шуд.
Мақсад аз сабти барнома- таҳкими ҳисси меҳанпарастӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон дар роҳи ҳифзи Ватан, шинохти арзишҳои милливу давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба насли калонсол, садоқат ба Ватан ва хизмати содиқона ба Модар-Ватан мебошад. Таъкид гардид, ки тарбияи ватандӯстӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он шаҳрвандон миллату давлат ва сарзамини аҷдодиашонро дӯст медоранд. Ҳамчунин фарҳангу таърихи гузаштаи худро ҳимоя намуда, барои рушди давлат содиқона меҳнат мекунанд.
Бо ин мақсад соли 2022 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба имзо расид, ки дар тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон нақши муассир мегузорад.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мақоми ваколатдори давлатӣ муайян гардида, бо мақсади боз ҳам дуруст ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои идеологӣ барои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва муҳимро рӯйи даст гирифтааст. Баргузории ин чорабиниҳо низ аз қабили онҳо мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷоя, сабти чунин барномаҳои дорои хусусияти ҳарбӣ-ватандӯстона минбаъд низ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






