Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» ба Рӯзи кинои тоҷик ва 95-солагии коргардони маъруфи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад

Октябрь 15, 2024 18:45

ДУШАНБЕ, 15.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар доираи ин синамоҷоиза имрӯз дар Кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардиданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз гардид, ки робитаҳои таърихӣ ва фарҳангии ҳарду давлат барои тавлиди муштараки филмҳо имконият зиёдеро фароҳам овардааст. Баҳри рушди филмҳои муштарак филмноманависон, коргардонҳоро ва масъулини соҳаро зарур аст саҳми назаррас гузоранд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён иброз дошт, ки Тоҷикистон ба унвони як мамлакати дӯсту бародари ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва ҳамнажод дар сиёсати хориҷии Эрон мавқеи хоса дорад. Робитаҳои  ду давлат дар ҳама бахшҳо хусусан дар самти театр ва кино, мусиқӣ ва коргардонии кино дарсатҳи хеле хуб қарор дорад.

Дӯстдорони синамои Эрон ин шом филми «Ҳук»-ро тамошо карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, пешниҳоди тамошобинони кинои тоҷик мегарданд.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни Синамоҷоиза аз маконҳои таърихӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли «Осорхонаи миллӣ», «Кохи Наврӯз», дараҳои Ромиту Варзоб ва шаҳрҳои Норак ва Ҳисор дидан намоянд.

Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2024 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд