Занони соҳибкори шаҳри Панҷакент ба машғулияти омӯзишии Академияи занони соҳибкор ҷалб шуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 нафар занони соҳибкори шаҳри Панҷакент дар доираи лоиҳаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба машғулияти омӯзишии Академияи занони соҳибкор ҷалб карда шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар мулоқот бо масъулони татбиқи лоиҳа изҳор шуд, ки дар доираи он барои баланд бардоштани саводи молиявии занони соҳибкор омӯзонидани таҳияи бизнес-лоиҳаҳо ба онҳо, шиносоӣ бо таҷрибаи соҳибкории занон, аз ҷумла дар самти ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, иштироки занони соҳибкор дар намоишгоҳҳои байналмилалии савдо ва баргузории дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳоло дар шаҳри Панҷакент 8 ҳазору 720 нафар соҳибкори инфиродӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 624 субъекти соҳибкорӣ зиёд аст. 1 ҳазору 140 нафар, ки қисми бештарашон занон ҳастанд, ба ҳунармандӣ машғул мебошанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






