Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раванди татбиқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегия дар соли 2023 ва шашмоҳаи якуми соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллӣ хабар медиҳад.
Раиси Шуро, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки дар замони рушди босуръати технологияҳои инноватсионӣ фарогирии молиявӣ воситаи самараноки беҳтар намудани дастрасӣ ва истифодаи хизматрасонии босифати молиявӣ ба ҳисоб меравад. Он дар таъмини рушди устувори низоми бонкӣ ва бахши молиявӣ, таҳкими бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ, рушди сармояи инсонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар мамлакат нақши муҳим иҷро менамояд.
Барои васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасонии бонкӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба васеъ намудани инфрасохтори пешниҳоди хизматрасонии бонкӣ, мушаххаскунии фосилавӣ, ҷорӣ намудани механизми бонкдории кушода тавассути интерфейси кушодаи барномавӣ, таъмини ҳамгироии мутақобили кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва истифодаи QR-рамзи ягона ва ғайра таҳия карда шуд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон механизми баррасии шикоятҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ қабул карда шуда, барои таъмини низоми боэътимоди назорати рафтори иштирокдорони бозори хизматрасонии молиявӣ назорати фосилавӣ ва санҷиш дар ҷойҳо (онсайт ва оффсайт) гузаронида мешавад.
АКС: Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Қирғизистон лоиҳаҳои «CASA-1000» ва «REMIT»-ро дар Бишкек баррасӣ намуданд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» беш аз 200 ширкати ватанӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон низоми муосири электронии мубодилаи сертификатҳои фитосанитарӣ татбиқ мегардад
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2026 баргузор шуд
Истифодаи оқилонаи захираҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бо намояндагони СММ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2100 то 9.3113 сомонӣ муқаррар шудааст
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
«INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN – 2026». Дар намоиши байналмилалӣ беш аз 60 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд
КИШТИ ТАКРОРӢ. Чӣ тавр аз як замин ду ё се ҳосил ба даст оварем?
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» оғоз мегардад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ оғоз гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Шаҳристон шинос шуд






