Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод дар мавзуи хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳамоиши ҷавонон доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ-рисолати ҷавонмардӣ!» ҳамоиши ҷавонон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар ҳамоиш сарбозоне, ки баъди хатми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод барои адои хизмати Ватан дар марҳилаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҷалб гардиданд, иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Имрӯз аксари ҷавонони мамлакат ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ барои иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Ҷавонон имрӯз ба ҳамон аҳди анъанавии ҷавонмардонаи худ содиқ монда, дар хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мегузаранд.
Таъкид гардид, ки Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватанию соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо онро ба хубӣ дарк карда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор додаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон бобати рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ зиёд мегардад. Аз ин рӯ ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






