Дар Эрон Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар ҷазираи Киш Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Дар форум Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Минтақаи озоди иқтисодии Киш Муҳаммадҷаъфари Кабирӣ, роҳбари намояндагии Вазорати умури хориҷа дар Киш, масъулини ниҳодҳои давлатии Эрон, ҳайати бахши хусусии соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ бо роҳбарии директори ширкати ватании Somon Travel ва мудирони аршади соҳаи сайёҳии Эрон иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ доир ба иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоту тавонмандиҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бобати ба роҳ мондани хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва табодули таҷриба дар самти пешниҳоди маҷмуи хизматрасониҳо ба меҳмонону сайёҳон бо фаъолони ҳавзаи гардишгарии Эрон ба тавофуқ расиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз шуд






