Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои сиёсию дипломатӣ, бехатарӣ, савдо, сармоягузорӣ, молия, гумрук, энергетика, саноат, нақлиёт, алоқа, маориф ва илм, ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, ВАО, фарҳанг, туризм, варзиш ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои истиқлолият байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ заминаи боэътимоди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг ва гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст. Бо баҳрабардорӣ аз тамоми имконияти мавҷуда байни ду давлат метавон ояндаи наздик шоҳиди рушди босуръати муносибатҳои дуҷониба дар ин бахшҳои муҳим шуд.
Ҷалби сармоягузорӣ аз муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои бузурги Шоҳигарии Саудӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию иҷтимоӣ, рушди иқтидори истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани технологияи муосир дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо, дорусозӣ, маводи хӯрокворӣ, сохтани маҷмааҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои замонавӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар фарҷом аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал – Фолиҳ протоколи ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






